- бурдан
- I[بردن]1. аз ҷое ба ҷое интиқол додан (хоҳ бардошта, хоҳ кашида ва хоҳ ба пои худ), муқоб. овардан2. гузоштан, дароз карда расондан (мас., дастро ба китф, гӯшаки телефонро ба гӯш ва ғ.)3. гунҷидан, гунҷоиш додан4. шунавондан, хабар додан, расондан: паём бурдан, хабар бурдан5. ситондан, рабудан, кашида гирифтан6. феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ ва феълӣ: баҳра бурдан, гирифта бурдан, гумон бурдан, истифода бурдан, мубориза бурдан, ном бурдан, пай бурдан, паноҳ бурдан, рашк бурдан, ҳасад бурдан◊ ақлу ҳуши касеро бурдан а) касеро аз ақл бегона кардан, девона кардан; б) касеро мафтуни худ гардондан, шефта сохтан; дили касеро бурдан шефта кардан, мафтун сохтан; ошиқ гардонидан; сабқат аз касе бурдан // гӯйи сабқат бурдан пешдастӣ доштан, бартарӣ доштан (аз касе дар коре); умр ба сар бурдан зистан; чашми касеро бурдан аз шиддати равшанӣ ва дурахшонии чизе пеши чашми касе тира шудан, чашмро хира кардани чизе; ба кор бурдан истифода кардан, кор фармудан; ба сар бурдан аз сар гузарондан, паси сар кардан; ба тороҷ бурдан ғорат кардан, ба яғмо бурдан, тороҷ карданII[بردن]1. ғолиб омадан, барор ёфтан, омад кардан дар ягон бозӣ, муқоб. бохтан; мусобиқаро бурдан ғолиб омадан дар мусобиқа2. нафъ дидан, фоида ёфтан: харидӣ –бурдӣ, фурӯхтӣ – мурдӣ (зарб.)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.